Дар Бохтар ҷаласаи чоруми Шӯрои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ /10.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нахустин Форуми байниминтақавии соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар шаҳри Бохтар ҷаласаи 4-уми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз созмондиҳандагони ҷаласа буда, дар он беш аз 70 нафар намояндагони соҳибкорони хурду миёна, аъзоёни Шӯрои соҳибкорони ду кишвар иштирок намуданд, хабар медиҳад Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷонибдори рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, тавсеаи таъминоти муштараки маҳсулоти саноатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳавасмандгардонии савдои тарафайн ва инчунин ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти ду кишвар, мебошанд.
Рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба манфиати тарафайн ва тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар асоси принсипҳои ҳамсоягии нек асос ёфтааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар, муайян гардидаанд.
Тибқи рӯзномаи Шӯрои корӣ ҳисоботи Раисони қисмҳои миллии Шӯрои соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуданд. Инчунин дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати электронӣ матраҳ гардиданд. Аз натиҷаи ҷаласаи чоруми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Протокол ба имзо расид, ки дар он тадбирҳо оид ба тақвияти минбаъдаи иштироки соҳибкорони хурду миёна дар чорабиниҳои дар қаламрави тарафҳо дар соли 2022 пешбинӣ шудаанд, дар заминаи палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, инчунин Ёддошти тафоҳум байни Палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба идоракунии тиҷорати наздимарзии ҳамкориҳо дар рушди кирмакпарварӣ ва атлас дар доираи лоиҳаи RUTSIS ба имзо расонида шуд.
Аксҳо аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон











Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд






