Дар Бохтар иштирокчиёни ҳамоиши соҳибкоронро аз Ӯзбекистон гарм истиқбол намуданд
БОХТАР, 09.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамин лаҳзаҳо дар Бохтар истиқболи ботантанаи иштирокчиёни ҳамоиши соҳибкорон аз Ӯзбекистон идома дорад, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Зулайхо Ғоибова.
Меҳмонони кишвари ҳамсояро бо навоҳои сурнай ва карнай пешвоз мегиранд. Дар ҳама ҷо сурудҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ садо медиҳанд. Фазои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек эҳсос мешавад. Занону духтарон либосҳои миллии идонаро ба бар кардаанд.
Дар майдони «70-солагии азхудкунии водии Вахш» ҳайати Ӯзбекистонро роҳбарияти вилоят, инчунин роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар бо меҳмоннавозии хоси халқи тоҷик пешвоз гирифтанд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо симои шаҳр дигаргун шудааст, ба он парчамҳои ду кишвар, инчунин баннерҳо бо тасвирҳои сарварони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев шукӯҳи идона бахшидааст.
Барои меҳмонон намоишгоҳи ғании маҳсулоти косибони тоҷик ташкил шудааст. Аз ҷумла, ҷавоҳироти дастсози миллии нуқрагин, маҳсулоти ороишӣ, маснуоти гилин, зарфҳои чӯбин, сандуқчаҳо, сабадҳо, рӯйҷоиҳо, сумкаҳо, ғилофҳои телефонҳои мобилии бо усули «қироқдӯзӣ», «чакан» ва «зардузӣ» таҳияшуда, инчунин либосҳои миллии занона барои кӯдакон ва калонсолон бо нақшу нигори анъанавӣ пешниҳод гардидаанд.
Илова бар ин, намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзии кишвар ташкил шудааст ва дар он меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, хушбӯй, ширадор, инчунин сабзавот ва маҳсулоти коркардшудаи кишоварзӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Тавре яке аз аъзои ҳайати Ӯзбекистон, соҳибкор аз Самарқанд Бахтиёр Бекназаров, ки дар намоишгоҳ имкони суҳбат бо ӯ муяссар гардид, зикр кард, «истиқболи ҳайати Ӯзбекистон дар сатҳи олӣ ташкил карда шудааст. Мо интизор надоштем, ки моро ин тавр ботантана пешвоз мегиранд. Басо хушоянд аст, ки ҳамсояҳои тоҷикамон хеле самимона моро пешвоз мегиранд».
Ба гуфтаи соҳибкори самарқандӣ, ӯ ба Тоҷикистон бо мақсади танзими робитаҳои тиҷоратӣ, инчунин шиносоӣ бо фазои иқтисодӣ ва сармоягузории кишвар омадааст.
«Азбаски ман ба истеҳсол, бастубанди меваҳои хушк ва содироти онҳо ба кишварҳои Аврупо ва Канада машғулам, ҳангоми боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ маҳсулоти коркардшудаи кишоварзӣ маро мутаассир ва таваҷҷуҳамро ҷалб сохт. Умедворам, ки ин сафар на танҳо барои ман, балки барои соҳибкорони тоҷик низ дар заминаи табодули таҷриба ва ҳамкорӣ босамар хоҳад буд», — афзуд мусоҳиб.
Мавриди зикр аст, ки дар соатҳои наздик ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд, табодули таҷриба, афзоиши содироти молҳо ва хидматрасониҳои ду кишвар нигаронида шудааст, оғоз меёбад.
Дар ҳамоиши тиҷоратӣ тақрибан 175 нафар соҳибкор ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин зиёда аз 140 нафар соҳибкор аз давлатҳои ҳамсоя иштирок мекунанд.
Ҳамоиши соҳибкорон дар арафаи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 10-11 июн ташкил шудааст.
Барои ҳайати Ӯзбекистон инчунин барномаи ғании фарҳангӣ зери унвони «Шоми дӯстӣ» ба нақша гирифта шудааст.
АКС аз шабакаҳои иҷтимоӣ












Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






