Дар Душанбе Форуми 3-юми занони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад

Июнь 7, 2021 09:37

ДУШАНБЕ, 07.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 10 июни соли равон дар ҳошияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузории Форуми 3-юми занони СҲШ  пешбинӣ гардидааст.

Дар Форуми 3-юми занони СҲШ роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми нахустини занони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии қувваҳои занон барои пешбурди рушди муштарак»   аз 15 то 17 майи соли 2018 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин  доир  гардида буд.

Форум аз ҷониби Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ва Федератсияи Байналмилалии занони Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳандозӣ гардида, дар он беш аз 200 намоянда аз давлатҳои  аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва кишварҳои нозир  иштирок намуда буданд.

ДАР АКС: Кушодашавии Форуми нахустини занони Созмони ҳамкории Шанхай, 15 майи соли 2018, Пекин. Акс аз сомонаи СҲШ

Июнь 7, 2021 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид