Дар Душанбе Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид

Июнь 23, 2021 11:53

ДУШАНБЕ, 23.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи савдои хориҷиро бо давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ то 61 фоиз афзоиш додааст, ки бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвар Россия, Чин,  Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд.  Ин матлабро  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки имрӯз  дар сатҳи вазирони иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» дар Душанбе доир гардид, баён намуд.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар  форум вазирон ва намояндагон аз кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ- Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Озарбойҷон, Эрон ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Завқӣ Завқизода дар оғози форум гуфт,  «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр  намуданд, ки дар шароити кунунии ҷаҳонӣ тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар фазои СҲШ ниҳоят зарур мебошад”.

Зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар кишвар барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо як зумра  корҳои назаррас амалӣ шудаанд. Қабули консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамӣ, расман ба фаъолият оғоз намудани Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019,  ки то имрӯз аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд, аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад.

Иброз гардид, ки солҳои охир минтақаи СҲШ дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия ба пешрафти чашмрас ноил гардидааст, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд. Вобаста ба ин Завқӣ Завқизода таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои текникӣ ва технологияҳои рақамӣ бо кӯмаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, аз ҷумла дар минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдоро дар фазои СҲШ тавсия дод.

Иттилоъ дода шуд, ки савдои электронӣ тақрибан 20 фоизи савдои ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа он то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.

Дар Форум Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия М.Рошетников, Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Б. Султанов, Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Х. Карима, муовини вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Рустамов, муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон А.Элнур ва роҳбарони дигар ҳайатҳо оид ба густариши ҳамкории муштарак дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия баромад намуда, аз расми меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани форум ба ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд доданд ва омодагии худро ҷиҳати ҳарчӣ бештар тақвият додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СҲШ иброз доштанд.

Дар охири форум бо мақсади ҳарчӣ бештари тақвияти ҳамкории минбаъда дар самтҳои зикршуда, дар доираи СҲШ аз ҷониби иштирокчиёни Форум «Эъломияи Душанбе» қабул гардид.

Аксҳо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ

Июнь 23, 2021 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд