Дар Душанбе мулоқоти ректорони академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои аъзои СҲШ доир шуд

Июнь 12, 2021 10:06

ДУШАНБЕ, 12.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/  дар Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 20 — солагии СҲШ ва дар доираи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон мулоқоти ректорони академияҳои идоракунии давлатии кишварҳо аъзои СҲШ таҳти унвони «20 соли СҲШ: дурнамои ҳамкории академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ» дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид.

Мулоқот бо мақсади тақвияти муносибатҳои дӯстона ва шарикии муассисаҳои идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ, инчунин барои табодули таҷрибаи идоракунӣ ва омӯзонидани хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд.

Дар мулоқот ректорони муассисаҳои  идоракунии давлатии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, инчунин намояндаи Котиботи СҲШ, Котиби Генералии Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, Муовини директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон, Президенти академияи миллии идоракунии Чин ва намояндагони сафоратҳои Ҳиндустон ва Покистон иштирок ва сухан кардан.

 Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба барқарор намудан ва тақвият додани муносибатҳои дуҷонибаю бисерҷониба миёни академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии давлатҳои узви СҲШ, ҷалби чунин муассисаҳо аз кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ дар саммитҳои минбаъда, табодули таҷриба, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти омодакунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, лоиҳаҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва муайян намудани дигар самтҳои ҳамкорӣ бо назардошти таҳдидҳо ва имкониятҳое, ки дар шароити пандемияи СOVID-19 амалӣ карда мешаванд, баррасӣ шуданд.

Оид ба натиҷаҳои кори мулоқот қабули Изҳороти муштарак ба нақша гирифта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти навбунёд буда, имрӯз дар марҳилаи ташаккулёбӣ ва рушди худ қарор дорад. Он бо дастгирӣ ва розигии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон таъсис дода шудааст.

Ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок Марказ Дурнамои рушд ва фаъолияти 5-соларо таҳия намуда, мутобиқи он силсилаи чорабиниҳоро дар самти рушди дипломатияи мардумӣ, маориф, илм ва фарҳанг, ташвиқу тарғиби фаъолияти СҲШ ва марказ амалӣ менамояд.

 Аксҳо аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Июнь 12, 2021 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дар Душанбе доир ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории Шанхай машварат баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
«ИННОПРОМ-2024». Дар доираи ин намоишгоҳ дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷаласаи пленарии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Созмони ҳамкории Шанхай зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми мамлакатҳои узвро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии «Созмони ҳамкории Шанхай – плюс» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Дар Остона ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар машварати ёздаҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай суханронӣ намуд
Роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи муҳити зисти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Остона масъалаҳои экологӣ ва тағирёбии иқлимро баррасӣ намуданд