Дар Душанбе мулоқоти ректорони академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои аъзои СҲШ доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ дар Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 20 — солагии СҲШ ва дар доираи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон мулоқоти ректорони академияҳои идоракунии давлатии кишварҳо аъзои СҲШ таҳти унвони «20 соли СҲШ: дурнамои ҳамкории академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ» дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид.
Мулоқот бо мақсади тақвияти муносибатҳои дӯстона ва шарикии муассисаҳои идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ, инчунин барои табодули таҷрибаи идоракунӣ ва омӯзонидани хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд.
Дар мулоқот ректорони муассисаҳои идоракунии давлатии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, инчунин намояндаи Котиботи СҲШ, Котиби Генералии Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, Муовини директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон, Президенти академияи миллии идоракунии Чин ва намояндагони сафоратҳои Ҳиндустон ва Покистон иштирок ва сухан кардан.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба барқарор намудан ва тақвият додани муносибатҳои дуҷонибаю бисерҷониба миёни академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии давлатҳои узви СҲШ, ҷалби чунин муассисаҳо аз кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ дар саммитҳои минбаъда, табодули таҷриба, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти омодакунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, лоиҳаҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва муайян намудани дигар самтҳои ҳамкорӣ бо назардошти таҳдидҳо ва имкониятҳое, ки дар шароити пандемияи СOVID-19 амалӣ карда мешаванд, баррасӣ шуданд.
Оид ба натиҷаҳои кори мулоқот қабули Изҳороти муштарак ба нақша гирифта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти навбунёд буда, имрӯз дар марҳилаи ташаккулёбӣ ва рушди худ қарор дорад. Он бо дастгирӣ ва розигии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон таъсис дода шудааст.
Ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок Марказ Дурнамои рушд ва фаъолияти 5-соларо таҳия намуда, мутобиқи он силсилаи чорабиниҳоро дар самти рушди дипломатияи мардумӣ, маориф, илм ва фарҳанг, ташвиқу тарғиби фаъолияти СҲШ ва марказ амалӣ менамояд.
Аксҳо аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






