Дар Душанбе «TajRupt» — нахустин лабораторияи зеҳни сунъӣ ифтитоҳ гардид, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст
ДУШАНБЕ, 10.06.2921/АМИТ «Ховар»/. Нахустин озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо номи «TajRupt» дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. «TajRupt» бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар, Раиси Бонки миллӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимии зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
-Тавонмандсозии ҷавонони кишвар дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои асосии таъсиси муассиса маҳсуб меёбад,- мегӯяд муассис ва роҳбари «TajRupt» Азизҷон Азимӣ.
Барномаи таълимии «TajRupt» дар шакли баъд аз мактаб тартиб дода шуда, 10 ҳафта давом мекунад ва иборат аз 75 дақиқаи дарсҳои интерактивӣ, дар як ҳафта се маротиба мебошад. Донишҷӯ дар TajRupt, дар доираи барномаи таълимии 10-ҳафтаӣ як қатор мафҳумҳоро, аз қабили сиёсати давлатӣ, фалсафа, бозорҳо, ВАО, технология, ҷаҳонишавӣ ва корҳои байналмилалӣ ва баробарии гендериро меомӯзад. Барномаи таълимӣ ба се сатҳ тақсим карда шудааст, ки аз рӯи таркиб ва мавзӯъҳои мушаххас фарқ мекунанд. Барои ҳавасмандгардонии таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба барномаи таълимӣ, забони англисӣ ҳамчун забони асосии муошират дар синф ҷорӣ гардидаааст.
Акс аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав








«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






