Дар Мурғоб Маркази барқарорсозӣ ва нигаҳдории бабри барфӣ ташкил карда мешавад

Июнь 25, 2021 16:34

ДУШАНБЕ, 25.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ташкили Маркази барқарорсозӣ ва нигаҳдории бабри барфӣ дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо намояндагони Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Германия (NABU) Томас Тенхардет ва Катя Каупсч дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Дар мулоқот масъалаҳои ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳифзи мавзеъҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи ғайридавлатии ҳифзи табиати Германия (NABU), амалишавии лоиҳаҳои нави дуҷониба дар самти ҳифз ва нигаҳдории экосистемаҳо, гузаронидани мониторинг ва зиёд намудани популятсияҳои ҳайвоноти нодири ба Китоби сурх дохилшуда, матраҳ гардиданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода масъалаҳои амалӣ гардидани чорабиниҳои ба нақша гирифташударо ба миён гузошта, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда иброз намуд.

 

 Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2021 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад