Дар ноҳияи Рашт коргоҳи истеҳсоли макарон ба истифода дода мешавад

Июнь 14, 2021 13:56

РАШТ, 14.06.2021. /АМИТ «Ховар»/.  То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт коргоҳи истеҳсоли макарон  ба истифода дода мешавад. Таҷҳизоти коргоҳи мазкур аз хориҷи мамлакат  ба ноҳияи Рашт ворид шудааст. Иқтидори ин коргоҳи истеҳсолӣ дар як шабонарӯз зиёда аз 3 тонна макарони хушкро ташкил медиҳад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ “Ховар” директори Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Хусрав Сафаров иттилоъ дод.

Коргоҳи мазкур барои таъмини бозорҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт пешбинӣ шуда, дар оянда мувозинати нархи намудҳои гуногуни макаронро дар минтақа нигоҳ медорад. Дар сурати пурра фаъолият намудани коргоҳ барои 6 нафар мутахассис ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.

Коргоҳи истеҳсоли макарон дар ноҳияи Рашт дар асоси банди 335- нақша чорабиниҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин корхона муташакилона идома дорад ва дар  рӯзҳои ҷашни фархунда, он дар вазъияти тантанавӣ ва  бо иштироки меҳмон ба истифода дода мешавад.

Июнь 14, 2021 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд