Дар Теҳрон мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ доир гардид

Июнь 2, 2021 08:48

ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июни соли равон дар шаҳри Теҳрон мулоқоти  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ  баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни  вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти таъмини амният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, мубодилаи иттилоот, дастгир намудани ҷинояткорон ва шахсони дар кофтуков қарордошта гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Ҳамзамон ҷаласаи якҷояи гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардида, дар ҷараёни  он як зумра  масоили муҳими ҳамкории муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Айни замон сафари кории Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-полковники милитсия Рамазон  Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.

Июнь 2, 2021 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид