Дар Ӯзбекистон шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистонро сода мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтаанд, ки тартиби будубоши шаҳрвандони ҳарду ҷумҳуриро дар қаламравҳои худ сода кунанд. Лоиҳаи протоколи дахлдор, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон маъқул дониста шудааст, дар сомонаи ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, иттилоъ медиҳад Spuitnik.
Мутобиқи ин лоиҳа, шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон ва ё Ӯзбекистон аз лаҳзаи убури марз дар тӯли даҳ рӯз аз сабти муваққатӣ ва қайди иқомат озод карда мешаванд.
Хукуматҳои давлатҳо метавонанд ин иқдомро ҳангоми сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки 10-11 июн сурат мегирад, тасдиқ кунанд. Вай ният дорад, ки аз Душанбе ва Хуҷанд боздид намояд.
Пештар маълум шуд, ки Ш.Мирзиёев қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон» -ро имзо кардааст.
Акнун ба хориҷиёне, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ID-кортҳо дода мешаванд. Аз аввали соли 2021 ин санад ҳамчун ивазкунандаи шиносномаҳои биометрӣ хидмат мекунад.
То охири соли 2022 шаҳодатномаҳои ID-ро ба таври ихтиёрӣ аз синни 16-солагӣ ва бо дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ӯзбекистон гирифтан мумкин аст. Чунин санад, ба ғайр аз хориҷиён, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, шахсони бешаҳрванд, инчунин кӯдакони навзод бо салоҳдиди волидайн ва сарпарастони онҳо дода мешавад.
ДАР АКС: маросими ифтитоҳи марз байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз 25 сол. Акс аз бойгонӣ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






