ФУТБОЛ. Нишонзани беҳтарин дар таърихи дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян шуд
ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов бо 19 гол дар рӯйхати Топ-10 голзани беҳтарин дар таърихи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи аввал аст. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар бозии охиринии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаи мунтахаби Мянмар Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 53-юм бо сараш гол ба нишон расонид. Барои Манучеҳр Ҷалилов ин гол дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон 19-умин гол буд. Хотиррасон мешавем, ки Манучеҳр Ҷалилов аз соли 2015 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад ва дар ин муддат бо пероҳани дастаи мунтахаби Тоҷикистон 38 бозӣ гузаронидааст.
Ба ғайр аз Манучеҳр Ҷалилов дар даҳгонаи беҳтаринҳои таърихи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Юсуф Рабиев (15 гол), Нӯъмондҷон Ҳакимов (14 гол), Тоҳирҷон Муминов (10 гол), Фатҳулло Фатҳуллоев, Иброҳим Рабимов (ҳарду — 9 гол), Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов, Ҷомихон Муҳиддинов (ҳама — 8 тӯб) ва Дилшод Восиев (7 тӯб) қарор доранд.
Топ- 10 нишонзани беҳтарин дар таърихи мунтахаби Тоҷикистон:
- Манучехр Ҷалилов (38 бозӣ) – 19 тӯб.
- Юсуф Рабиев (40 бозӣ) – 15 тӯб.
- Нуъмонҷон Ҳакимов (34 бозӣ) – 14 тӯб.
- Тоҳирҷон Муъминов (24 бозӣ) – 10 тӯб.
5-6. Фатҳулло Фатҳуллоев (68 бозӣ), Иброҳим Рабимов (45 бозӣ) – бо 9 голӣ.
7-9. Давронҷон Эргашев (68 бозӣ), Нуриддин Давронов (49 бозӣ), Ҷомихон Муҳиддинов (32 бозӣ) – бо 8 голӣ.
- Дилшод Восиев (50 бозӣ) – 7 тӯб.








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






