Кӯлоб: Фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Саман” нархи тухмро поин фаровард
КӮЛОБ, 07.06.2021. АМИТ «Ховар». Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин замина дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат соҳибкорони маҳаллӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёди корхонаҳои саноати вусъат меёбад. Дар ҳамин замина соҳибкорони шаҳри Кӯлоб дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб фабрикаи парандапарвариро ба истифода доданд, ки аллакай маҳсулоти он дар бозору марказҳои савдо пешниҳоди сокинон гардонида шуда истодааст. Фабрикаи мазкур моҳи сентябри соли 2019 ба кор шурӯъ карда, дар он таҷҳизоти муосири соҳавӣ васлу насб шудааст.
Тавре соҳибкор Масидиқ Одинаев ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Сулаймон Холов иттилоъ дод, барои сохта ба истифода супоридани чунин як фабрикаи муосир Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Саман” давоми панҷ сол мутахассисонро дар дохил ва хориҷи кишвар омода кардааст.
Дар корхонаи мазкур, навад фисади амалиёт ба таври автоматӣ сурат мегирад. Ҳолати санитарию эпидемики ва қоидаҳои нигоҳубини паранда қатъиян риоя мегардад. Ба гуфтаи Холмуҳаммад Одинаев, дар навбати аввал дар фабрикаи мазкур қисмати якум ба кор дароварда шудааст ва дар он 50 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Аз оғози фаъолияти фабрика 40 нафар сокинони маҳалли ба кор ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Баъди бо иқтидори пурра фаъол шудани он шумораи коргарон ба 200 нафар мерасад. Ба фурӯш баровардани тухми фабрикаи ҶДММ “Саман” дар шаҳри Кӯлоб нархи тухмро поин фаровард. Агар пештар 30 дона тухм 33-35 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло арзиши он ба 28-29 сомонӣ расидааст. Харидорон бошанд бо нархи дастрас маҳсулоти босифати маҳаллиро харидорӣ карда метавонанд.
Акс аз бойгонӣ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






