Мулоқоти сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад дар шакли ҳузурӣ сурат бигирад
ДУШАНБЕ, 01.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Ӯзбекистон интизор дорад, ки мулоқоти сеюми машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар соли 2020 пешбинӣ шуда буд, дар шакли ҳузурӣ баргузор хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дирӯз котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини роҳбари дастгоҳи ӯ Шерзод Асадов зимни брифинги навбатӣ хабар дод.
Ба гуфтаи Шерзод Асадов, кор дар ин самт идома дорад. «Аммо муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо кӯшиш мекунем, ки ин мулоқот дар шакли ҳузурӣ баргузор шавад. Шакли онлайн баррасӣ намешавад», — зикр кард ӯ.
Сухангӯи сарвари Ӯзбекистон гуфт, ки шароити пандемия имкон намедиҳад, ки макон ва вақти мулоқоти навбатӣ номбар карда шавад.
«Мо якҷоя бо шарикони худ як сол боз ба мулоқоти навбатӣ омодагӣ мегирем. Як бастаи хеле калон ва муътабари аснод омода карда мешавад, ки имзо хоҳанд шуд», — афзуд Шерзод Асадов.
Мулоқоти сеюми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ибтидо моҳи августи соли 2020 дар Бишкек ба нақша гирифта шуда буд, сипас ҳамоиш то тирамоҳ мавқуф гузошта шуд, аммо бо сабаби пандемияи коронавируси COVID-19, он то соли равон мавқуф гузошта шуд. Баъдтар Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов зимни мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллӣ гуфта буд, ки ин ҳамоиш метавонад соли 2021 дар Туркманистон баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти нахустини машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон Нур-Султон ва дуввумини он — моҳи ноябри соли 2019 дар Тошканд баргузор шуда буданд ва дар он ҷо низомномаи баргузории онҳо тасвиб шуд — соле як маротиба.
АКС аз манбаъҳои боз








Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид






