«ОЯНДАРО БО ҲАМ МЕСОЗЕМ!» Аз 19 то 26 июн таҳти ин унвон дар Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 26 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» баргузор мешавад. Дар доираи форуми мазкур барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир мегардад, ки дар он ҷавонони ҳунарманд аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Белорус, Молдова, Озарбойҷон иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар Форуми мазкур иштироки 45 нафар ҷавонон аз ИДМ дар назар дошта шудааст.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Форуми байналмилалии ҷавонон дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, Шӯрои миллии кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва эълон гардидани шаҳри Душанбе – ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи Форуми мазкур баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла баргузории барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, боздид аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат дар назар дошта шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории давлатҳои узви ИДМ баргузор шуда, мақсад аз он мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни ҷавонони ИДМ, муаррифии таърих, фарҳанг ва осори пурғановати миллати тоҷик ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






