Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар мулоқот намуданд

Июнь 18, 2021 16:42

ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафарро ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мулоқот  масоили марбут ба варзиши велосипедронӣ ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, вобаста ба рушди ин намуди  соҳаи варзиш дар кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Иброз гардид, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва чорабинии дигари варзиширо таҳти унвони “Tour de Tajikistan” пешниҳод намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки чорабинии байналмилалӣ “Tour de Tajikistan” нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2021 бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Ҳадафи баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ ин  муаррифии дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, пешниҳоди хатсайрҳои минтақавии сайёҳӣ, зебоиҳои табиати нотакрори ҷумҳурӣ маҳсуб мегардад.

Зимнан барои дар сатҳи хуб ташкил намудани мусобиқоти варзишии сатҳи байналмилалӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Кумитаи тадорукотӣ  созмон дода, корҳои омодагиро роҳандозӣ намоянд.

Июнь 18, 2021 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд