СҲИР барқароршавии нобаробари иқтисоди ҷаҳониро пас аз пандемия пешбинӣ мекунад

Июнь 1, 2021 10:17

ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барқароршавии нобаробари иқтисоди ҷаҳониро бинобар хуруҷҳои идомаёбандаи пандемияи коронавирус қайд мекунад. Дар ин бора дар гузориши интишорёфта гуфта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Бо эҳсоси хушнудӣ мо зикр мекунем, ки дурнамоҳои иқтисодӣ беҳтар мешаванд — ишора кардаанд муаллифони санад. — Вале ин ба таври нобаробар сурат мегирад».

Дар Созмон таъкид карданд, ки дар пасманзари хуруҷҳои такроршавандаи пандемия, ки мисли пештара зуд-зуд рух намедиҳанд, барқароршавии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ идома дорад. Тибқи ҷадвали дар гузориш овардашуда, рушди ММД дар ҷаҳон дар соли 2021 дар сатҳи 5,8%, дар соли 2022 — 4,4% пешбинӣ шудааст.

Тавре ки дар СҲИР таъкид карданд, сарфи назар аз он, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон рушди ММД то охири соли 2022 ба сатҳи пеш аз буҳрон бар хоҳад гашт, аммо ин кофӣ нахоҳад буд.

«Дар аксари кишварҳои СҲИР сатҳи зиндагӣ то охири соли 2022 то ба сатҳи пеш аз пандемия пешбинишуда бар нахоҳад гашт», — ҳушдор медиҳад Созмон.

Ба гуфтаи муаллифони ин санад, ҳукуматҳои кишварҳои пешрафта ва баъзе кишварҳои иқтисоди рӯ ба тараққӣ тавонистаанд, ки коршоямии ширкатҳо ва ҷойҳои кориро ҳифз намоянд.

«Дар натиҷа, соҳаи истеҳсолӣ босуръат рушд меёбад, тиҷорат ба қадри боз шудани марзҳо барқарор мешавад ва барқароршавии фаъолияти меҳнатӣ боиси  афзоиши шадиди истеъмол мешавад, — идома доданд дар  СҲИР. — «Ин бисёр рӯҳбаланд мекунад».

Аммо, тавре муаллифони гузориш зикр кардаанд, мушкилот боқӣ хоҳад монд. Аз ҷумла, ба ақидаи онҳо, ин ба он вобаста аст, ки ба кишварҳои камдаромад ваксинаи зидди коронавирус хеле кам ворид карда мешавад. Хуруҷҳои эҳтимолии нави пандемия ба рушди иқтисодии чунин давлатҳо таъсири сахт хоҳад гузошт. «Ин боиси афзоиши минбаъдаи фақри шадид хоҳад шуд», — илова кардаанд муаллифон.

Онҳо иброз  доштаанд: то замоне, ки  аксарияти кулли аҳолии ҷаҳон бо ваксинаҳо эм карда нашавад, тамоми ҷаҳон осебпазир боқӣ хоҳад мемонад.

«Аъзоёни осебпазири ҷомеа метавонанд бинобар бекории тӯлонӣ ва ё коҳиши даромадҳо ба азоби бештар гирифтор шаванд, ки ин нобаробариро дар байни кишварҳо ва дар дохили кишварҳо зиёдтар ва суботи иқтисодиро барҳам мезанад» — ҳушдор медиҳад СҲИР.

Акс аз бойгонӣ

Июнь 1, 2021 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 23 миллиард сомониро ташкил дод
Маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро беш аз 760 ҳазор сайёҳи хориҷӣ тамошо намуданд
Логистика ба бахши ҷудонопазир ва муҳаррики муҳими иқтисод табдил меёбад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд
Дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид
Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико дар мавзуи технологияҳои рақамӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориро дар бахшҳои саноат ва иқтисод баррасӣ намуданд
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
Чаро дар Тоҷикистон нархи картошка гарон аст? Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд