Шоми дӯстӣ ба ифтихори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бӯстонсарои шаҳрӣ

Июнь 10, 2021 23:59

ДУШАНБЕ, 10.06.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Шоми рӯзи 10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дар бӯстонсарои шаҳрӣ зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.

Дар бӯстонсарои шаҳрӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамчунин ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи атрофи қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шинонда шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Шоми дӯстӣ ба ифтихори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бӯстонсарои шаҳрӣ 11.06.2021

Июнь 10, 2021 23:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд