«ШОМИ ДӮСТӢ». Ин барномаи фарҳангиву фароғатӣ имрӯз дар Муассисаи давлатии «Аҳорун» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар толори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» (собиқ Амфитеатр) барномаи фарҳангиву фароғатии «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад, ки он дар доираи Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» ва татбиқи барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» роҳандозӣ шуда, мақсад аз он мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни ҷавонони ИДМ, муаррифии таърих, фарҳанг ва осори пурғановат мебошад. Оғози барномаи фарҳангиву фароғатии «Шоми дӯстӣ» соат 19:00 муайян шудааст.
Аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар барномаи фарҳангиву фароғатии «Шоми дӯстӣ» иштирокчиёни Форуми байналмилалии ҷавонон, ки намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Беларус, Молдова ва Озарбойҷон мебошанд, ҳунару санъати волои давлати худро пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» 19 июн оғоз шуда, то 26 июни соли равон идома меёбад. Дар форуми мазкур 45 нафар ҷавонон аз ИДМ иштирок доранд.








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






