Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Туркия, Эрон, Афғонистон, Ёвари Дабири кулли СММ ва Мудири иҷроияи МҲТБО мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар заминаи тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда вазирони корҳои хориҷӣ ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид шуд.
Ҳамчунин худи ҳамон рӯз дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф доир гашт.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
Инчунин зарурати татбиқи тавофуқоти ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон, ки 7-8 июни 2021 дар Душанбе баргузор гардида буд, таъкид шуд.
19 июн дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар мулоқот намуд.
Дар суҳбат роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни ду кишвар, вазъи Афғонистон, ҳамкории минтақавӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ, бахусус дар бахшҳои энергетика, зерсохтор ва нақлиёт бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дигар табодули назар сурат гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати иштирок дар Форуми дипломатии Анталия инчунин бо Ёвари Дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ Мирослав Енча мулоқот кард.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла ҳамкорӣ бо СММ, татбиқи барномаҳои СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи об, тағйири иқлим, амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ғайра баррасӣ шуд.
19 июн дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири иҷроияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Кайрат Сарибай мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва МҲТБО дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






