Sputnik: Истироҳатгоҳҳои тобистонаи Россия мактаббачагони Тоҷикистонро интизоранд
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири маорифи Россия Сергей Кравтсов иттилоъ додааст, ки имсол дар истироҳатгоҳҳои Россия бастҳои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории россиягии «Sputnik» хабар медиҳад.
Дар доираи ин иқдом, кӯдакон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои истироҳат ба Россия мераванд.
«Дар ҳар як маркази кӯдакон мо таҷрибаи бастҳои байналмилалиро, аз ҷумла барои кӯдакон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон идома хоҳем дод», — гуфт ӯ ҳангоми ҷаласаи президенти ФР Владимир Путин бо аъзои ҳукумат.
Ба гуфтаи вай, барои кӯдакони хориҷӣ модули алоҳидаи таълимӣ барои омӯзиши забони русӣ пешбинӣ шудааст.
Кравтсов афзуд, ки дар якҷоягӣ бо вазирони кишварҳои мазкур гурӯҳҳои корӣ барои таблиғи забони русӣ дар ин давлатҳо ташкил шудаанд, ки таваҷҷуҳи баланди ҳамтоён мушоҳида мешавад.
Як рӯз пеш, президенти Россия Владимир Путин ба Вазорати маорифи Россия дастур дод, ки барои дастгирии омӯзиши забони русӣ дар хориҷа пешниҳодҳо таҳия кунад.
Муҳлати коркарди санад то 15 июли соли равон муайян карда шудааст.
Сергей Кравтсов инчунин иттилоъ дод, ки соли 2024 дар Маркази байналмилалии кӯдакон «Артек» истироҳатгоҳи нави кӯдаконаи «Солнечний» ифтитоҳ хоҳад шуд ва он имкон медиҳад, ки дар як сол «Артек» то 55 ҳазор кӯдакро қабул кунад.
«Бо шарофати барномаи рушди «Артек», 9 истироҳатгоҳ таъмир карда шуданд ва ҳоло фаъол мебошанд. Дар соли 2024 мо ба истифода додани истироҳатгоҳи даҳуми комилан нави «Солнечний» -ро ба нақша гирифтаем. Бо ифтитоҳи он аз рӯи шумораи кӯдакон дар «Артек», мо ба 55 ҳазор (кӯдак) дар як сол хоҳем расид. Дар замони шӯравӣ, дар соли 1985- ҷашни 60-солагии «Артек» дар он ҳамагӣ 35 ҳазор кӯдак буд. Яъне шумораи кӯдакон 20 ҳазор нафар зиёд хоҳад шуд», — гуфт ӯ.
«Артек» — дар гузашта маъруфтарин истироҳатгоҳи пешоҳангони ИҶШС соли 1925 ташкил шудааст. Пас аз пайваст шудани Қрим бо Россия дар соли 2014 маркази кӯдакон, ки ҳоло аз 9 истироҳатгоҳ иборат аст, ба моликияти федералӣ табдил ёфт. Moҳи марти соли 2015 ҳукумати Россия барномаи рушди марказро то соли 2020 тасдиқ кард: дар он тамири асосии иншоот, бозсозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо ва иншооти инфрасохторӣ пешбинӣ шудаанд.
АКСИ: © Sputnik / Макс Ветро








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






