ТОҶИКИСТОН ҚАЗОҚИСТОНРО АЗ ХУШКСОЛӢ НАҶОТ МЕДИҲАД. Дар мавриди партоби иловагии зиёда аз 300 млн метри мукааб об барои обёрӣ мувофиқа ҳосил шудааст
ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ҳавзаи Сирдарё вазъи мураккаби вобаста ба камобӣ ба вуҷуд омадааст. Бинобар ин, Тоҷикистон ба Қазоқистон аз обанбори «Баҳри Тоҷик» 315 млн метри мукааб об равона мекунад. Ин қарорро Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири экологияи Қазоқистон Магзум Мирзагалиев зимни мулоқоти муштарак дар Душанбе қабул кардаанд.
Маълум аст, ки партоби об дар давраи моҳҳои июн — август сурат хоҳад гирифт. Тавре хадамоти матбуоти Вазорати экологияи Қазоқистон дар Telegram иттилоъ додааст, ҳаҷми мазкур норасоии обро барои обёрӣ дар давраи нашъунамо дар вилоятҳои Туркистон ва Қизилурда коҳиш медиҳад.
«Бо дарназардошти вазъи душвори таъминоти об дар ҳавзаи Сирдарё барои эҳтиёҷоти вилоятҳои Туркистон ва Қизилурда, ҷониби Тоҷикистон илова ба ҳаҷми обе, ки Ҷумҳурии Қирғизистон аз обанбори Токтогул партоб мекунад, мувофиқа кардааст, ки 315 млн м3 обро аз обанбори «Баҳри Тоҷик» дар давраи аз моҳи июн то август равона кунад. Қазоқистон низ, дар навбати худ, дар сурати паёмадҳои манфии камшавии иловагии обанбори «Баҳри Тоҷик» ба Тоҷикистон ёрии моддӣ ва техникӣ хоҳад расонид», — зикр кард Магзум Мирзагалиев, роҳбари Вазорати экологияи Ҷумҳурии Қазоқистон зимни мулоқот дар Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи май кишварҳои Осиёи Марказӣ меъёрҳои обгирӣ ва реҷаҳои кории силсилаи обанборҳои Норин-Сирдарёро барои мавсими нашъунамои зироатҳо дар соли 2021 тасдиқ карданд.
Ва аз соли 1992 ба ин тараф байни Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон созишнома «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии муштараки истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои оби манбаъҳои байнидавлатӣ» амал мекунад.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






