Тоҷикистон ва Ӯзбекистон лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан дар қитъаи «Панҷакент-истгоҳи Булунғур-Ҷамбой»-ро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ,01.05.2021/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Оид ба транзити борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ӯзбекистон», барқарор кардани интиқоли транзити мол тавассути роҳи оҳан дар қитъаи «Бекобод-Истиқлол-Бекобод», лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан дар қитъаи «Панҷакент (Тоҷикистон) – истгоҳи Булунғур / истгоҳи Ҷамбой /истгоҳи завод (Ӯзбекистон)», ташкили курсҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз зумраи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии намояндагони вазоратҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуданд.
Тавре аз Вазорати нақлиёти мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқоти мазкур ҳамчунин масъалаҳои марбут ба барқарорсозии хатсайрҳои байналмилалии мусофирбарӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо риояи талаботи зиддиэпидемиологӣ баррасӣ гардиданд.
Дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода ва ҳайати Ӯзбекистонро муовини Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Абдусамат Муминов роҳбарӣ намуданд. Ҳайатҳо масоили тавсеа ва рушди ҳамкории дуҷониба байни ду кишварро дар соҳаи нақлиёт, инчунин масъалаи барқарор намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тавассути гузаргоҳи сарҳади давлатии «Патар-Андархон»-ро муҳокима намуданд. Тарафҳо бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда протоколи дахлдор ба имзо расониданд.









Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






