Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳолати омодабош гузаштанд
ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар хатти дуввуми дифоъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хизмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуданд. Дар ин бора имрӯз сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ӯ зикр намуд, ки бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо марзбонон марзҳои кишварро муҳофизат мекунанд.
«Дар ин рӯзҳо интиқоли иловагии таҷҳизот ё нерӯ ба амал оварда нашудааст ва феълан дар нақша ҳам нест, зеро вазъи ноустувори Афғонистон моро водор карда буд, ки қисмҳои низомиамонро, ки дар хатти дуюми мудофиа қарор доштанд, тақвият диҳем», — гуфт Маҳмадализода.
Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҲаракатиТолибон ( дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо имстинод ба маркази матбуоти Қувваҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ дода буд, 21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд.
АКС: Вазоратьи мудофиаи ҶТ








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






