«УзА»: Президенти Ӯзбекистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд
ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10-11 июни соли равон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд, менависад Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА».
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи сафар баргузории чорабиниҳои дуҷониба дар шаҳри Душанбе — маросими истиқболи расмӣ, музокироти хоса ва бо иштироки ҳайатҳо, маросими ифтитоҳи онлайнии иншооти иҷтимоӣ ва имзои бастаи санадҳои дуҷониба дар назар аст.
Қарор аст, ки масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шаванд. Таваҷҷуҳи махсус ба муайян кардани «нуқтаҳои рушд»-и ҳамкории гуногунҷанба ва пешбурди лоиҳаҳои мушаххас оид ба рушди ҳамкории амалии дарозмуддат дода мешавад. Сарони давлатҳо, инчунин доир ба ҷанбаҳои сиёсати байналмилалӣ ва рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард.
Ғайр аз ин, сарони давлатҳо дар чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар пойтахти Тоҷикистон ширкат варзида, бо намояндагони ҷомеа мулоқот мекунанд ва аз як зумра иншооти саноатии вилояти Суғд боздид менамоянд.
Дар доираи ин сафар ба имзо расонидани зиёда аз 30 санад, ки самтҳои муҳими ҳамкории мутақобилан судманди Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дарбар мегиранд, дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нав — ба сатҳи шарикии стратегӣ, ки бо мундариҷаи мушаххаси амалӣ пур шудаанд, баромадаанд.
Бо ташаббус ва ба шарофати иродаи матини сиёсии сарони ду давлат масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои ду кишвар ва халқи бародар ҳал шуданд.
Ҳаҷми мубодилаи савдои тарафайн ба таври назаррас афзоиш ёфта, соли гузашта аз 500 миллион доллар гузашт ва зиёда аз 200 корхонаи муштарак таъсис дода шуданд. Дар соҳаи гуманитарӣ мубодилаи самарабахш ва робитаҳои судманд миёни минтақаҳо мавҷуданд.
Дар шароити душвори пандемия Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои коронавирус ҳамбастагӣ ва кӯмаки муштарак нишон доданд.
Дар доираи омодагӣ ба саммити дарпешистода ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ таҳти сарварии сарвазирони ду кишвар, конфронси илмӣ-амалӣ, Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон ва дигар чорабиниҳо бомуваффақият баргузор шуданд. Дар арафаи сафар, инчунин Форуми якуми байниминтақавӣ ва ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон баргузор мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶӮ








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






