Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода дар ҷаласаи навбатии Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо иштирок кард

Июнь 25, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 25.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 24 июн  ҷаласаи V Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо (ЕАО) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ширкат намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур  Умед Бобозода дар мавзӯи “Масоили ҳимояи ҳуқуқии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  маърӯза  намуда, аз ҷумла, дар бораи  дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин ҷода, хусусан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо намудани Конвенсия байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, қабули санадҳои муҳими стратегӣ дар самти зикршуда, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқи маъюбон, хусусан дар давраи пандемияи COVID-19 ба иштирокдорон маълумоти муфассал дод.

Дар ҷаласаи мазкур масоили “Мубодилаи беҳтарини таҷрибаҳо оид ба масоили мубрами ҳимояи ҳуқуқҳои маъюбон дар фазои Авруосиёӣ” мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт.

Дар ҷаласа Омбудсменҳои давлатҳои аъзои Алянс: Федератсияи Россия, Сербия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои мухталифи фазои Осиё ва Аврупо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.

Баъдан байни аъзоёни Алянс муҳокимаи мавзуъ ва мубодилаи таҷрибаҳо сурат гирифа, дар фарҷоми ҷаласа қарор қабул карда шуд.

Аз ҷониби ширкаткунандагон иброз гардид, ки ҷаласаи навбатии Алянс моҳи октябри соли  равон  дар шаҳри Москва барпо мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2019 тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви комилҳуқуқи Алянси Авруосиёии Омбудсменҳо гардид ва пайваста дар ҷаласаҳои он ширкат меварзад.

Июнь 25, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст