Ваколати Сафири Подшоҳии Белгия дар Тоҷикистон ба итмом расид

Июнь 3, 2021 15:49

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Алекси де Кромбрюгхеро бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба сифати Сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Белгия ибрози андеша намуда, ҳавасмандии амиқро ба таҳкими баъдии муносибатҳо баён карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини Вазири корҳои хориҷӣ ба Алекси де Кромбрюгхер барои саҳмаш дар густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард.

АКС аз ВКХ ҶТ

Июнь 3, 2021 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид