Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо дар ҳайати 7 варзишгар ҷиҳати иштирок дар 24-умин Чемпионати Осиё ба Лубнон сафар кард. Чемпионати Осиё оид ба таэквондо 16-18 июни соли равон дар шаҳри Бейрут баргузор мешавад. Дар ин бора аз Федератсияи таеквондои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар чемпионати мазкур иштироки 186 варзишгар аз 30 давлат дар назар аст.
Федератсияи таэквондои Тоҷикистон 7 варзишгар (4 мард, 3 зан)-ро ба Лубнон сафарбар кард:
Мардҳо
- Шоҳрух Баротов (-58кг)
- Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-68кг)
- Хуррам Меҳтаршоев (-74кг)
- Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-80кг)
Бонувон
- Муниса Ойматова (-49кг)
- Муниса Исматова (-62кг).
- Моҳру Ҳалимова (-67кг)
Варзишгарони шинохтаи тоҷикро дар ин сафар мураббиён Исломиддин Фозилов ва Шамсулло Қодиров роҳбарӣ мекунанд. Ҳамчунин ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон — Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат доварӣ менамоянд. Ба иттилои Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, дар арафаи Чемпионати Осиё Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода, ки ҳамзамон ноиби раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон мебошад, аз ҷониби муассисаи таълимии таэквондо – Куккивон дар Сеул бо камарбанди дани 6-ум (нозири байналмилалӣ) сарфароз гардид.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






