Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва ИДМ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 23.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 22 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Ёвари маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва ИДМ хонум Миряна Сполярич Эггерро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо ва дурнамои рушди баъдии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва БРСММ-ро баррасӣ намуда, муносиботи созанда дар бисёр соҳаҳои рушд, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ ва пойдории экологиро баланд арзёбӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин таваҷҷуҳро ба талошу иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла аҳамияти баррасии паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкорӣ дар чорчӯби Раванди оби Душанбе ҷалб кард.
Дар навбати худ хонум Эггер барои густариши ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак дар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






