Завқӣ Завқизода бо ҳамтоёнаш аз ИДМ таҳкими ҳамкории иқтисодиро баррасӣ намуд

Июнь 1, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 01.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Минск доир гардид,  музокироти дуҷонибаи Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо Вазири рушди иқтисоди  Россия М.Решетников, вазирони индустрия ва рушди инфрасохтор,   меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон Б.Атамқулов ва С.Шапкенов,  муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Л.Қудратов ва муовини якуми Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии  Беларус А. Лобович баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Дар доираи музокирот ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самтҳои тиҷорату иқтисод, пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллии кишварҳо, инноватсия, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди гардиши савдои хориҷӣ табодули назар намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои тақвияти бештари корҳо дар самтҳои номбаршуда ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда омодагии худро баён карданд.

   Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ

Июнь 1, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд