ФУТБОЛ. «Истаравшан» бар дастаи «Истиқлол» ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 3-юми чемпионати Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан мағлуб шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки футболбози японии дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рета Нома дар дақиқаи 37-ум гол зада, дастаашро ба пеш баровард. Қабл аз анҷоми қисми аввали бозӣ, Илҳом Баротов 45+1 ҳисоби рақобатро 1:1 кард. Голи пирӯзиоварро дар дақиқаи 81-уми сабқат Бахтиёр Абдураҳмонов ба нишон расонида, ғалабаи дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро бо натиҷаи 2:1 таъмин сохт. Бояд гуфт, ки ин аввалин бохти дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар мавсими ҷорӣ ба ҳисоб меравад.
Чемпионати Тоҷикистон-2021
Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 3-ум
«Истаравшан» – «Истиқлол» – 2:1
Голҳо: Рёта Нома, 37 (0:1). Илҳом Баротов, 45+1 (1:1). Бахтиёр Абдураҳмонов, 81 (2:1).








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






