ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор пули мошингузар, маркази омӯзиши забонҳо ва дигар иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба истифода супоридани иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад. Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар деҳаҳои Ҳуҷум ва Себистони Ҷамоати деҳоти Навобод мағозаи хӯрокворӣ ва гармхона барои парвариши лимон ва сабзавоти барвақтӣ дар майдони 0,8 гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин дар деҳаи Ғайратобод анбори орд бо ғунҷоиши 100 тонна маҳсулот, нонвойхона, нуқтаи хӯрокҳои тезтайёр ва маркази омӯзиши забонҳо барои таълими забонҳои хориҷии русӣ, англисӣ, олмонӣ, франсузӣ ва хитоӣ, дар деҳаи Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомон мағозаи хӯрокворӣ, сартарошхона ва дӯкони равғанкашӣ, дар деҳаи Даҳбед нуқтаи шустушӯи мошинҳо ва пули мошингузар дар деҳаи Равшандилони ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ба истифода дода шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки иншооти ҷашнӣ дар маросими ботантана мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, пирони рӯзгордида аз хизматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат ба халқу Ватан дар таъмину таҳкими сулҳу суббот ва ваҳдати комил, иқдомҳои созанда дар рушди мамлакат, саҳми мустақим дар ҳалли масъалаҳои глобалии сиёсиву экологии ҷаҳон ва бо ҳамин васила афзудани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ба ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар маҷмӯъ беш аз 700 иншооти ҷашнии дорои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд, ки теъдоди зиёди он аллакай мавриди барҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






