ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Имсол соҳибкорони маҳаллӣ дар Кӯшониён 9,1 километр роҳро мумфарш карда, ду пул сохтанд
ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 256,9 ҳазор сомонӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 27,5 ҳазор сомонӣ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои мошингард ҷудо гардид. Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бошад, дар панҷ моҳи соли равон 9,1 километр роҳ мумфарш ва ду пул сохта шудааст, ки маблағи он 79,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кушониён ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дарозии роҳҳои ноҳия 231,9 километрро ташкил дода, 34,8 километри он дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд. 18,7 километр роҳҳои мошингарди ноҳия дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, роҳҳои маҳаллӣ 178,4 километрро ташкил медиҳанд. Айни замон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии роҳҳои мошингард дар деҳоти ноҳия идома доранд.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Кӯшониён яке аз ноҳияҳои калонтарин ва сераҳолитарини вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, бо мақсади омодагӣ ба ҷашни миллӣ, дар ноҳия бунёди 337 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо давоми солҳои 2018 — 2021 304 — тои он ба истифода дода шуд. Ин 90,2 дарсади нақшаи тасдиқгардидаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия сохтмони 57 синфхонаи иловагӣ бо 1445 ҷоий нишаст идома дошта, як муассисаи таълимӣ бо 24 синфхона барои 620 нафар дар як баст дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Дар ҳудуди ноҳия 52 майдонча ва 8 толори варзиш ба истифода дода шудааст.








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд






