Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми сатҳи баланди СММ оид ба мубориза бо терроризм иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28-30 июни 2021 дар Ню-Йорк бо ташаббуси Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш Конфронси дуюми сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм зери унвони “Муқовимат ва пешгирии терроризм дар заминаи фанновариҳои дигаргункунанда: рафъи таҳдидҳои даҳсолаи нав” дар сиғаи омехтаи маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомоти зиддитеррористӣ ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СММ ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ иштирокдоронро бо талошу иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ ва натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона” (16-17 майи 2019, Душанбе) шинос намуда, ба аҳамияти тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии СММ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он таъкид кард.
Лозим ба ёдоварист, ки Конфронси амниятии Душанбе дар соли 2019 ҷиҳати пайгирии аҳдофи якумин Конфронси сатҳи баланди роҳбарони мақомоти зиддитеррористии СММ дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо таҳдиди афзояндаи терроризм” (28-29 июни 2018, Ню-Йорк) баргузор шуда буд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд






