Ҷаласаи дуюми роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви СҲШ ҷамъбаст гардид

Июль 29, 2021 16:34

ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи дуюми роҳбарони ҳифзи муҳити зисти  вазорату идораҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки давоми 2 рӯз дар   Душанбе  идома ёфт, имрӯз, 29 июл ҷамъбаст гардид.

Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш  изҳороти роҳбарони ҳайатҳо дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишварҳои аъзои СҲШ ва ҳисоботи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ташкили Гурӯҳи махсуси кории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист шунида шуд. Масъалаҳои асосии баррасишуда дар ҷаласаи дуюми роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ- ин  рушди ҳамкорӣ дар соҳаи экология барои кишварҳои аъзои СҲШ, алалхусус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Дар ин замина, бинобар тағйирёбии иқлим ва хушк шудани баҳри Арал, обшавии босуръати пиряхҳо, норасоии захираҳои об, биёбоншавӣ, хушксолӣ, шӯршавӣ ва таназзули хок, бад шудани сифати ҳаво дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар маркази таваҷҷуҳи СҲШ мебошанд, ба назар мерасад. Ин масъалаҳо зимни сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур  Шерализода зикр шуданд.

Ҳамзамон масъалаҳо дар бораи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ барои давраи солҳои 2022-2024, дар бораи натиҷаҳои Конфронси Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим «Ҳамкории  минтақавӣ барои ояндаи устувори иқлим», ки 26-27 июли соли  2021 дар Душанбе баргузор гардид, иттилооти ҷониби МЭМОМ дар бораи вақт ва макони баргузории ҷаласаи навбатии роҳбарони вазорату идораҳои экологии кишварҳои узви СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо назардошти муколамаи дастаҷамъӣ ва ироаи таклифу пешниҳодҳо ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ қабул шуданд.

АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 29, 2021 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд