Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории БМТ бо Дафтари SECO дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мулоқот бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб аз дастгириҳои пайвастаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт, бахусус низоми бонкӣ бо роҳандозӣ шудани як зумра кумакҳои техникӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Инчунин Ҷамолиддин Нуралиев оид ба татбиқи лоиҳаи «Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ», ки аз шаш самт (компонент) иборат буда, дар доираи он корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст, маълумоти муфассалро мавриди таваҷҷуҳи ҳайати SECO гардонид.
Ҷамолиддин Нуралиев аз татбиқи фаъолият оид ба ҳар як самти (компоненти) лоиҳа дар алоҳидагӣ, аз ҷумла устуворнамоии бахши молиявӣ, механизми танзими бонкӣ, фишангҳои идоракунии қарзҳои ғайрифаъол, назорати низоми пардохт, принсипҳои назоратии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва идоракунии корпоративии низоми бонкӣ таҳлилу натиҷагирии мушаххасро манзури ҳозирин намуд.
Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб ба сатҳу сифати ҳамкории тарафайн баҳои баланд дода, омодагии хешро барои муносибатҳои судманд баҳри рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок иброз дошт.
Ҳадафи ташрифи ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиноси мустақили байналмилалӣ, ин баҳодиҳии иҷрои лоиҳаи кумаки техникӣ, ки тариқи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва мушовирони аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷалбшуда таҳти унвони «Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ» бо маблағгузории SECO мебошад.
Аксҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад






