Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории БМТ бо Дафтари SECO дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд

Июль 6, 2021 10:38

ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мулоқот бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб аз дастгириҳои пайвастаи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт, бахусус низоми бонкӣ бо роҳандозӣ шудани як  зумра  кумакҳои техникӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Инчунин Ҷамолиддин Нуралиев оид ба татбиқи лоиҳаи «Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ», ки аз шаш самт (компонент) иборат буда, дар доираи он корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст, маълумоти муфассалро мавриди таваҷҷуҳи ҳайати SECO гардонид.

Ҷамолиддин Нуралиев аз татбиқи фаъолият оид ба ҳар як самти (компоненти) лоиҳа дар алоҳидагӣ, аз ҷумла устуворнамоии бахши молиявӣ, механизми танзими бонкӣ, фишангҳои идоракунии қарзҳои ғайрифаъол, назорати низоми пардохт, принсипҳои назоратии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва идоракунии корпоративии низоми бонкӣ таҳлилу натиҷагирии мушаххасро манзури ҳозирин намуд.

Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Саломе Штайб ба сатҳу сифати ҳамкории тарафайн баҳои баланд дода, омодагии хешро барои муносибатҳои судманд баҳри рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок иброз дошт.

Ҳадафи ташрифи ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиноси мустақили байналмилалӣ, ин баҳодиҳии иҷрои лоиҳаи кумаки техникӣ, ки тариқи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва мушовирони аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷалбшуда таҳти унвони «Тоҷикистон: барномаи устуворнамоии бахши молиявӣ» бо маблағгузории SECO мебошад.

 

Аксҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 6, 2021 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Агентии «S&P Global Ratings» рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро ба дараҷаи «B+/B» бо дурнамои «устувор» баланд бардошт
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1099 сомонӣ муқррар шудааст
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд