Аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 6686 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии он ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба истифодаи замин вобаста ба дурнамои кишти зироати кишоварзӣ, бунёди боғу токзори нав дар заминҳои лалмӣ, чарогоҳҳо, ки бо намии табиӣ таъмин мебошанд ва заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ориф Хоҷазода афзуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2021 аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 6686 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 6403 дастур дода шуд. Нисбат ба 5988 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 2 887 586 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуданд, ки аз ин 2 158 293 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.
Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 471 мавод ба прокуратура, 192 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шуда, 4889 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст.
Дар нишаст зикр шуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба шабакаҳои хоҷагиҳои тухмипарварӣ тадбирандешӣ ва корбарӣ намуда, кумитаҳои идораи замини маҳалҳо вазифадор карда шудаанд, ки корҳоро дар самти иҷрои ин санадҳо ҷоннок намуда, минбаъд низ ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатии тухмипарварӣ ва зотпарварӣ қатъан дар асоси ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






