Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 1,2 км роҳи марказии шаҳри Исфара таъмиру навсозӣ мешавад

Июль 18, 2021 10:43

ДУШАНБЕ, 18.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 км роҳи марказии шаҳри Исфара таъмиру навсозӣ мешавад.

Тавре масъули сомонаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти густариши корҳои ободониву созандагӣ таҳти роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва саҳми соҳибкорону сокинон  имрӯзҳо таъмиру тармими роҳҳо идома дорад.

Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар суҳбат бо мардум аз сиёсати созанда ва ба ободии диёр нигаронидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва корҳои то ин дам анҷомдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамҷоягӣ бо соҳибкорону сокинони диёр ёдовар шуд.

Мавсуф ҳамзамон иброз намуд, ки дар қатори бунёди муассисаҳои таълимиву табобатӣ, хизматрасониву солимгардонӣ ва ба ин васила муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бунёди роҳҳо ва таъмиру тармими онҳо зери назари мақомоти иҷроия қарор дорад.

Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилии шаҳр бо сафарбарнамоии техникаву таҷҳизот ва кормандон баҳри сифатан иҷро намудани корҳо мусоидат намуда, ният дорад   мумфаршкунии роҳи  мазкурро рӯзҳои наздик ба анҷом расонад.

Июль 18, 2021 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд