Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ШВКХ ба Тоҷикистон ташриф овард
ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 10 июл Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Владимир Норов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии (ШВКХ) СҲШ, ки 13-14 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
11 июл дар доираи сафар Владимир Норов ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос гардид.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар мулоқоти Дабири кулли СҲШ Владимир Норов бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар назар буда, интизор меравад, ки ӯ дар вазорати корҳои хориҷӣ маърӯза намояд.
Владимир Норов инчунин 13-14 июл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ иштирок менамояд.
АКС аз котиботи СҲШ дар Пекин








Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид






