Дар қаламрави шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд

Июль 8, 2021 09:03

ДУШАНБЕ,08.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр аксияи «Тозагии соҳил» ва ҳашарҳои дастҷамъона гузаронида шуд. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ,  дар доираи чорабинии мазкур ду соҳили дарёи Сир — аз пули нав то  пули кӯҳна аз партов ва ифлосиҳо тоза гардид. Дар ҳамоиш беш аз 300 нафар ашхоси касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуданд. Ин тадбир ҳамзамон бо мақсади татбиқи нишондодҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили Сир амалӣ гардид.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории ин иқдом тозагӣ ва тароват бахшидан ба соҳили дарёи Сир, тақвияти корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ намудан, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Аксияи «Тозагии соҳил» баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардид.

 

Акс аз манбаи боз.

Июль 8, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд