Дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Беларус ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд

Июль 26, 2021 11:51

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Ҷумҳурии Беларус, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ,  намоиши Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва   Форуми зиёиёни Тоҷикистону Узбекистон корҳои омодагиро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода истодааст.

Ин нуктаро имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ   баён намуд.

Мавсуф иброз намуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои идона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир шуда, дар пойтахти мамлакат роҳпаймоии идона баргузор мегардад. Инчунин дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бахшида ба ин ҷашни миллӣ барномаҳои идона доир мешаванд. Дар бештари ноҳияҳо аллакай барномаҳои фарҳангӣ оғоз гардидаанд.

Зулфия Давлатзода  иброз намуд, ки дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025»  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» ҷараён дорад. Даври ниҳоии фестивал-озмун моҳи август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев баргузор карда мешавад.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки   дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 7088 муассисаи фарҳангӣ (ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнуъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр) ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин 786 муассисаи клубӣ бо шумори 3089 корманд ва 7 филармонияи халқӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинаҳои «Рубоб» (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбекистон), «Ҷашни Сада» (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии  Эрон), «Кашидадӯзӣ» (ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қазоқистон), «Латифаҳои Насриддин Афандӣ» (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон) омода гашта, ба ЮНЕСКО фиристода шуданд.

Июль 26, 2021 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид