Дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Беларус ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Ҷумҳурии Беларус, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, намоиши Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимеи Париж дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Форуми зиёиёни Тоҷикистону Узбекистон корҳои омодагиро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода истодааст.
Ин нуктаро имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои идона дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир шуда, дар пойтахти мамлакат роҳпаймоии идона баргузор мегардад. Инчунин дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бахшида ба ин ҷашни миллӣ барномаҳои идона доир мешаванд. Дар бештари ноҳияҳо аллакай барномаҳои фарҳангӣ оғоз гардидаанд.
Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» ҷараён дорад. Даври ниҳоии фестивал-озмун моҳи август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев баргузор карда мешавад.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 7088 муассисаи фарҳангӣ (ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнуъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва муассисаҳои табъу нашр) ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин 786 муассисаи клубӣ бо шумори 3089 корманд ва 7 филармонияи халқӣ фаъолият мекунанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинаҳои «Рубоб» (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбекистон), «Ҷашни Сада» (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон), «Кашидадӯзӣ» (ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қазоқистон), «Латифаҳои Насриддин Афандӣ» (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон) омода гашта, ба ЮНЕСКО фиристода шуданд.








Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 825 иншоот ба истифода дода шуд






