Дар Ашт собиқадори меҳнат Холбибӣ Марқаеваро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намуданд

Июль 10, 2021 09:17

ДУШАНБЕ, 10.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт  ва дастгирии шахсони саховатпеша, фарзандони Раиси хоҷагии деҳқонии «Судҷа» марҳум Абдулҳақ Муфтоев дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт  барои сокини деҳа, собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими ҳизбӣ, собиқ директори муассисаи давлатии таълимии №22,  шахси яккаву танҳо Холбибӣ Марқаева хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд.

Тавре  аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт  ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба Марқаева Холбибӣ калиди хонаи истиқоматӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили лавозимоти рузгордорӣ супорида шуданд.

Собиқадори меҳнат Марқаева Холбибӣ  миннатдории самимии хешро ба давлату Ҳукумати мамлакат шахсан ба Пешвои муаззами миллат бобати дастгирии собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон ва хосатан қишри ниёзманди ҷомеа расониданд.

-Ин иқдом дар пайравӣ ба хислатҳои наҷиби инсондӯстона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҳандозӣ гардид,- афзуд манбаъ

Дар маросими ба истифода додани хонаи истиқоматӣ Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва сокинони деҳа ширкат варзиданд.

Роҳбарияти ноҳия дар баромади хеш  зикр намуданд, ки дар ҳақиқат Холбибӣ Марқаева тамоми ҳаёту зиндагии хешро сарфи хизмат ба ободии Ватан намуда, дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, дар баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва сафарбар намудани сокинони маҳал ба корҳои ободкориву созандагӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии ноҳия саҳми намоён гузоштааст.

-Мо, ки имрӯз дар ин макон ба шарофати бунёди хонаи истиқоматӣ ба ин шахси пуртолеъ қарор дорем, аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи саховатмандону хайрхоҳон ва соҳибкорону ташаббускорон барои саҳми назаррасашон дар корҳои ободкориву созандагӣ изҳори сипос намуда, умед дорам, ки Марқаева Холбибӣ солиёни зиёд, бо тансиҳатӣ дар ин кошона умр ба сар бурда, дар пешбурди амалҳои созанда саҳми босазои худро мегузоранд, -иброз доштанд баромадкунандагон.

Июль 10, 2021 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид