Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ихтисоси нав – иқтисодиёти рақамӣ роҳандозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ихтисоси нав –иқтисодиёти рақамӣ, ки дар бозори меҳнат талабот ба он зиёд аст, роҳандозӣ гардад. Дар ин бора Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Шукрулло Хайрзода зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, мақоми чорумро нигоҳ дошт, ки он аз мавқеи устувор доштани ин донишгоҳ дар низоми илм ва маорифи мамлакат шаҳодат медиҳад. Инчунин Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои баланд дар Рейтинги Webometrics Ronking of Word Universities (Мадриди Испания) дар байни 30 ҳазор донишгоҳҳои ҷаҳон яке аз ҷойҳои назаррасро сазовор шуда, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро сазовор гардид.
Зикр шуд, ки дар ҷараёни гузариш ба модулҳои низоми автоматикунонидашудаи рақамии таҳсилот дар соли таҳсили 2021 донишгоҳро 102 нафар донишҷӯён бо баҳои аъло хатм намуда, ба гирифтани дипломи «аъло» мушарраф гардиданд, ки нисбат ба соли 2020-ум 18 нафар ё 20 фоиз зиёд аст. Инчунин дар ин давра 13 номгӯй китоби дарсӣ барои ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ таҳия ва аз мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гузаронида шудааст.
Ҳамзамон Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби устодон, унвонҷӯён, доктор PhD аз рӯи ихтисос, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар маҷмӯъ 1067 маводи илмӣ – таълимӣ ба нашр расидаанд, ки аз онҳо 1006 мақолаву фишурда, аз ҷумла, 6 мақола дар маҷаллаҳои SCOPUS ва Web of Sciense, 318 мақолаҳои дар маҷмуаҳои конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 425 фишурда дар маҷмӯаҳои конфронсҳои донишгоҳӣ нашр гардидаанд, ки мояи ифтихор аст.








Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид






