Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон кафедраи «Технологияи ВАО» таъсис ёфт

Июль 22, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи имсол бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон кафедраи «Технологияи ВАО» бо ихтисосхои «ВЕБ-журналистика», «РR-робита бо ҷомеа» ва «Кинотелеоператор» таъсис ёфт. Кафедраи нав аз моҳи августи имсол ба фаъолият шурӯъ намуда, ба он устодони ҳирфаии соҳа ҷалб карда хоҳанд шуд. Дар ин бора  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишкадаи мазкур Муҳриддин Низомӣ иттилоъ дод.

Ба зикри мавсуф, имрӯз дар донишкада 2 лоиҳаи грантӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегарданд ва 4 лоиҳаи илмӣ бо маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.

Ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо 28 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ ба роҳ монда, 87 нафар донишҷӯ аз хориҷи мамлакат дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил дар донишкада фаро гирифта шудаанд.

«Дар даври ноҳиявии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», ки 10 июни соли равон дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҷамъбаст гардид,15 нафар устодону донишҷӯёни донишкада ғолиб омаданд. Аз ин миён 5 нафар сазовори ҷойи якум, 5 нафар ҷойи дуюм ва 5 нафар ғолиби ҷойи сеюм гардиданд»,- гуфт ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон.

Инчунин бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ибтикори роҳбарияти донишкада дар саҳни муассиса гулгашт бунёд гардида, дар он нимпайкараи нави устод Мирзо Турсунзода гузошта шуд.

Июль 22, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад