Дар коргоҳҳои шаҳри Гулистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуд ба роҳ монда шудааст

Июль 17, 2021 10:06

ХУҶАНД, 17.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Давоми шаш моҳи соли 2021 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи беш аз 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Аз ин 96,7%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,3%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва бахши соҳибкорӣ мансуб аст. Дар ин бора 15 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Маҷидӣ ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», зимни нишаст раиси шаҳр инчунин иброз намуд, ки дар шашмоҳаи аввал дар шаҳр 2 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин давра вазни қиёсии корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии миқёси вилояти Суғд 34,3 фоизро ташкил дода, истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба корхонаҳои саноатии шаҳр 36,1 миллион сомонӣ сармои хориҷӣ ҷалб гардида, инчунин дар ин давра дар осоишгоҳҳои соҳили «Баҳри тоҷик» 379 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 12751 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ, дар маҷмӯъ беш аз 13 ҳазор нафар истироҳат намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баён гардид, ки то ба имрӯз  дар қаламрави шаҳр ва шаҳраку ҷамоатҳои он беш аз 204 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҷашни бузурги миллӣ дар маҷмӯъ беш аз 221 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.

Июль 17, 2021 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд