Дар Тоҷикистон 347 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба 51 фоизи заминҳои обёришаванда хизмат мерасонанд

Июль 21, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ 347 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият менамоянд, ки ба 415 ҳазор гектар  ё ин ки 51 фоизи заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ хизмат мерасонанд.

Бо мақсади бо оби обёрӣ таъмин намудани кишоварзон ва дигар истифодабарандагони об дар мавсими имсолаи обдиҳӣ Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 60093 истифодабарандагони об, аз ҷумла 347  Ассосиатсияи истифодабарандагони об дар майдони 545 524 гектар шартномаи доду гирифти об ба имзо расонида, ба онҳо дар асосии дархосташон дар ҳаҷми 1981,0 млн метри мукааб бо арзиши 38,2 млн сомонӣ об расонида шуд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз намуд.

Мавсуф гуфт, ки аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 26,9 млн сомонӣ ё ин ки 70 фоизи арзиши оби додашуда пардохт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 797,9 сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр шуд, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавии худро дар бобати обрасонӣ ба истифодабарандагон пурра иҷро карда бошанд ҳам, вале аз ҷониби обистифодабарандагон, хусусан хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва пурра пардохт карда намешавад, бинобар ин қарздорӣ аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ афзоиш ёфта, бақияи он ба ҳолати 1 июли соли равон 156,68 млн сомониро ташкил менамояд.

«Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура ба маблағи 19,66 млн сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин маблағ 4,2 млн сомонӣ рӯёнида шуда, боқимонда маблағи 15,45 млн сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад»,- гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Мавсуф инчунин иброз намуд, ки бо истифодаи 8,9 млн кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ 424 дастгоҳи обкашии коршоям ва 67 адад чоҳҳои амудӣ фаъолият намуда, заминҳои кишоварзонро бо оби полезӣ таъмин карда истодаанд. Хароҷоти хоси неруи барқ барои барориши 1 метри мукааб об дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0,250 кВт/соатро ташкил дод. Арзиши барқи истифодашуда 50,2 млн сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 0,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Июль 21, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ! Мошинҳои барқӣ аз лиҳози экологӣ тозатарин навъи нақлиёт дар ҷаҳон эътироф шудаанд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд