Дар Тоҷикистон барои табобати COVID-19 12 ҳазор табиб ва 36 ҳазор ҳамшираи шафқат ҷалб гардидаанд

Июль 27, 2021 14:56

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои табобати бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 12 ҳазор табиб ва 36 ҳазор ҳамшираи шафқат ҷалб гардидаанд. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, духтуроне, ки ба табобати COVID-19  машғуланд, нақшаи кории махсус дошта, 24 соат кор мекунанд ва  беморон шабонарӯзӣ  таҳти назорати онҳо қарор доранд.

«Ҳоло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кӯшиш дорад, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ табобати коронавирус аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Феълан, нашри панҷуми дастур оид ба табобат ва пешгирии коронавирус ба табъ расида, вазир онро имзо кардааст. Мо кӯшиш мекунем, ки ҷараёни  табобат чӣ дар деҳот ва чӣ дар шаҳрҳо бо алгоритми ягона  роҳандозӣ шавад», — гуфт Ғафур Муҳсинзода.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 21 июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти таҳлилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ расман мавҷи дуюми коронавирусро эълон намуд.

Июль 27, 2021 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст