Хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология (IBO-2021) соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Шамс Давлятбеков дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология (IBO-2021), ки ба таври онлайн доир шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Олимпиадаи мазкур 19-24 июл дар шаҳри Лиссабони давлати Португалия бо иштироки 304 нафар аз 76 давлати дунё доир шуд. Дар он аз Тоҷикистон 4 нафар иштирок намуданд.
Ин дуюмин медали Шамс Давлятбеков дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Соли гузашта низ Шамс Давлятбеков дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология (IBO-2020), ки дар шаҳри Нагасаки давлати Ҷопон баргузор гашт, соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.
АКС аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






